- лаҷом
- [لجام]муарраби лагом // лигом; афзоре, ки вақти саворӣ ба сару даҳони асп меандозанд (барои идора кардани рафтори асп), ҷилав, инон: лаҷоми нӯқракӯб ё тиллокӯб, лаҷоми зулфдор, лаҷомро кашидан, лаҷомро сар додан, лаҷом хоидани асп; лаҷом задан а) ба сару даҳони асп лаҷом андохтан; б) маҷ. касеро ба худ мутеъ кардан◊ лаҷоми касеро сар дода мондан касеро дар кору рафтор ба ихтиёри худ вогузоштан, касеро ба сари худ мондан; лаҷоми худро ба дасти касе додан ихтиёри худро ба дасти касе додан, мувофиқи раъй ва нишондоди дигаре кор кардан; лаҷоми касеро кашида мондан касеро дар бораи ягон рафтор ё кирдори ношоямаш огоҳонидан; лаҷоми суханро ба тарафи дигар тофтан мавзӯи гапро дигар кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.